Март 11, 2018 10:37 Asia/Dushanbe
  • Гурези баъзе аз фаъолони бахши хусусӣ аз андоз

Ширкати молии байналмилалӣ (IFC) аз фирори 20 дарсад аз фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз пардохти андоз, хабар дод.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, дар натиҷаи як пажӯҳиш мушаххас шуд, 78 дарсади фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон бо пардохти нақдии ҳуқуқи коргарони худ дар ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон, андозаи маоши ин афродро поин нишон медиҳанд.

Роҳи дигари фирор аз пардохти андоз дар миёни фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон, пинҳон кардани даромади воқеии ин афрод аст, то камтар андоз пардохт шавад.

Албатта фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон зиёд будани теъдоди тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади ночизро аз дигар омилҳои фирор худ, аз пардохти андоз унвон мекунанд.

Ҳамчунин 31 нафар аз фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон, ки дар пажӯҳиши ширкати молии байналмилалӣ (IFC) мушорикат кардаанд, гуфтаанд, бо масъулони алоҳидаи мақомоти андози ин кишвар маслиҳат мекунанд ва бо онон барои коҳиши мизони андози пардохтӣ ба тавофуқ мерасанд.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони андози пардохтӣ дар Тоҷикистон 65 дарсад аст, ки дар қаламрави Ҷомеаи ҳамсуд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳама бештар аст.

Ин шохис дар Узбакистон 38 дарсад ва дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам 29 дарсад аст.