Афзоиши ҳамкориҳои парлумонӣ меҳвари дидори Мирзиёев бо раиси Парлумони Тоҷикистон
(last modified Sun, 11 Mar 2018 13:58:15 GMT )
Март 11, 2018 18:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкориҳои парлумонӣ меҳвари дидори Мирзиёев бо раиси Парлумони Тоҷикистон

Раисҷумҳури Узбакистон дар идомаи сафар ба Душанбе бо раиси Парлумони Тоҷикистон дидор ва бар афзоиши ҳамкориҳои парлумонии байни 2 кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар ҷарёни сафар ба Тоҷикистон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард .

Дар ин дидор, масоили марбут ба тавсеаи равобити миёни парлумонҳои 2 кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Мирзиёев дар ин дидор хостори тақвияти равобити байнипарлумонии Узбакистону Тоҷикистон шуд .

Раисҷумҳури Узбакистон бо баёни инки аз кору фаъолияти парлумон аз наздик ошно аст, идома дод: 15 сол дар парлумон фаъолият доштаам ва намояндагони маҷлис бояд дар марҳалаи аввал ба дархостҳои мардум гуш дода ва сипас тасмим гиранд .

Зуҳуров низ дар ин дидор бар нақши муҳими Мирзиёев дар барқарории равобити ҳасанаи миёни ду кишвар таъкид кард .