Март 12, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз рӯзноманигорон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хост, барои инъикоси мушкилоти ҷомеа бидуни тарс ба навиштани матолиби таҳлилӣ ва интиқодӣ иқдом кунанд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров дар нишасте, ки бо рӯзноманигорон ба муносибати рӯзи матбуот баргузор шуд, аз асҳоби расона хост, ки дар заминаи пардохтан ба мушкилоти ҷомеа бидуни тарс матолиб интиқодӣ мунташир кунанд.  

Вай гуфт, дар кишваре, ки нафақа 272 сомонӣ аст ва бо ин дастмузд афрод фақат метавонанд кирояи роҳро пардохт кунанд, рӯзноманигорон ба ахбори ҳаяҷонбарангез мепардозанд.  

Адолати Мирзо, сардабири “Миллат” аз Зуҳуров дархост кардааст, ки барои маофияти матбуоти мустақил аз пардохти андоз мусоидат кунад.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” бо ҳимоят аз ин пешниҳод таъкид кардааст, ки солҳои ахир ба далели мушкилоти молӣ теъдоде аз нашрияҳои мустақил фаъолияти худро қатъ карданд.

Дар Тоҷикистон 11 март ба муносибати интишори нахустин рӯзнома дар қаламрави иморати Бухорои вақт мавсум ба “Бухорои Шариф” дар соли 1911 ба унвони рӯзи матбуот таҷлил мекунанд.