Март 13, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Радди дархости паноҳандагии яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Полша

Мақомоти муҳоҷирати Полша дархости паноҳандагии Қаландар Садурдинов, яке аз асосгузорони ҲНИТ-ро рад кардааст.

Ба иттилои Ахбор, Қаландар Садурдинови 70-сола моҳи сентябри соли 2017 ҳамроҳи зану 6 фарзандаш вориди Полша шуда буд. Ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо соли 2016 дархости паноҳандагии 153 тоҷикро рад кардааст.

Қаландар Садурдинов, ки 70 сол дорад, моҳи сентябри соли 2017 аз тариқи гузаргоҳи Брести Беларус вориди Полша шуда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хоста буд. Ӯ мавриди таъқиботи сиёсӣ қарор гирифтани худу наздиконаш дар Тоҷикистон баъди манъи фаъолияти ҲНИТ-ро далели паноҳ ҷустанаш дар Аврупо ном бурда буд.

Дар ҳоли ҳозир вакили мудофеи Қаландар Садурдинов машғули таҳияи аснод бо талаби бознигарии қарори радди дархости паноҳандагии ӯст:

Далели дигари рад шудани дархости ветерани ҲНИТ, ба гуфтаи ин манбаи огоҳ аз вазъи паноҳҷӯён дар Полша, метавонад худи сиёсати ҳукумати кунунии ин кишвар нисбат ба паноҳҷӯён бошад. Ҳукумати кунунии Полша мавқеи ошкоро зидди муҳоҷирон дорад.

Қаландар Садурдинов, ки чандин сол роҳбарии бахши ҳизби наҳзат дар вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошт, яке аз асосгузорони ҲНИТ ном бурда мешавад. Масъулони ҲНИТ таърихи ин ташаккули сиёсиро аз соли 1973, аз ҷаласае бо ширкати 5 нафар дар манзили Қаландар Садурдинов дар Қӯрғонтеппа ҳисоб мекунанд.