Март 14, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • Боздошти наздикони вазири пешини саноати Тоҷикистон ба иттиҳоми авбошӣ

Писар, домод ва ронандаи вазири пешини саноати Тоҷикистон ба иттиҳоми авбошӣ дар пайи як даргирӣ дар як бошгоҳ (клуб)-и шабона дар шаҳри Душанбе, боздошт шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, мақомоти полиси шаҳри Душанбе гуфтаанд, писар, домод ва ронандаи Шералӣ Гул дар як бошгоҳи шабона дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ ва низои дастаҷамъӣ дар ин бошгоҳи шабона боис шудааст, 13 нафар ба иттиҳоми авбошӣ боздошт ва дар додгоҳ муҳокима шаванд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ин 13 нафар, аз ҷумла пайвандони вазири пешини саноати Тоҷикистонро аз панҷ то 15 шабонарӯз боздошт ва ба назофати боғҳо ва хиёбонҳои шаҳр маҳкум кардааст.

Гуфта мешавад, дар миёни ин 13 нафар исми Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири пешини саноати Тоҷикистон аз ҳама бештар хабарсоз шудааст.

Дар моҳи октябри соли 2017 низ як бори дигар номи вай барои мушорикат дар як низои дастаҷамъӣ дар бошгоҳи шабонае дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуда буд.

Ҳамчунин ду моҳ қабл ахборе дар бораи муқассир будани Диловар Гулов, дар як садамаи ронандагӣ дар шаҳри Душанбе ва фирори вай аз маҳалли ҳодиса мунташир шуда буд.