Март 14, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҷанги сард миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, ҷанги сард миёни ин ду кишвари ҳамсоя ба поён расид.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Андрей Серенко гуфтааст, тайи 20 соли ахир дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ихтилофоти зиёде дар заминаи масоили марзӣ, обу энержӣ, ҳамлу нақл ва ҳатто фарҳангӣ вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи ин коршинос, бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев талошҳо барои ҳалли ин ихтилофот оғоз шуд ва натиҷа ҳам дод.

Аз дидгоҳи вай, муҳимтарин дастоварди нахустин сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, мувофиқати Тошканд бо такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” аст, ки заминаи содироти барқ аз ин нерӯгоҳ ба Ӯзбакистонро фароҳам мекунад.

Ҳамчунин ду тараф тавонистанд ба ихтилофот бар сари аломатгузории марзи муштараки ду кишвар поён диҳанд. Тавре, ки ҳамакнун бо бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ шароити рафтуомади шаҳрвандон бидуни раводид (виза) ва густариши тиҷорати дуҷониба фароҳам ва осон шудааст.

Ҳамзамон бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, 10 гузаргоҳи марзии басташуда аз соли 2011 миёни ду кишвар бозкушоӣ ва заминаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандон ба муддати як моҳ ба хоки якдигар фароҳам шуд.