Мушкилоти низоми бонкии Тоҷикистон аз дидгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Wed, 14 Mar 2018 07:05:38 GMT )
Март 14, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти низоми бонкии Тоҷикистон аз дидгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ аз вуҷуди мушкилоти зиёде дар низоми бонкии Тоҷикистон хабар дод, ки боиси нобасомонӣ дар раванди пардохти молиёт мешавад.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, бакоргирии кадрҳои ғайрикасбӣ, мизони пойини насби таҷҳизоти компютерӣ ва набуди барномаи шаффофи ҳисобу китоби даромадҳои молӣ аз ҷумлаи мушкилоти низоми бонкии Тоҷикистон аст.

Ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар матлаби таҳлилие таъкид кардааст, ин мушкилот фаъолияти Кумитаи андози Тоҷикистонро низ зери суол мебарад.

Ҳамчунин вуҷуди ришвахорӣ дар миёни кормандони Кумитаи андози Тоҷикистон, заминаи рушди бахши хусусӣ ва эътимоди сармоягузорон барои сарфаи манобеи молии худ дар тарҳҳои иқтисодии ин кишварро аз байн мебарад.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар рутбабандии осонсозии пардохти андоз ё молиёт аз миёни 183 кишвар дар ҷойгоҳи 168-и ҷаҳонӣ қарор дорад.

Бар ин асос, як ширкати тиҷорӣ дар Тоҷикистон солона бояд 69 маврид молиёт пардохт кунад.

Дар ҳоле, ки ин мизон дар Қазоқистон 7 маврид, Русия 9 маврид, Ӯзбакистон 41 маврид ва Қирғизистон 52 маврид дар сол аст.

Акнун бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи осонсозии пардохти молиёт дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро шудан аст.

 Бо истифода аз ин тарҳ, мизони пардохти интернетии молиёт ба 87 дарсад ва ашхоси ҳуқуқӣ ва фаъолони бахши хусусӣ ба 77,8 дарсад расидааст.

Ҳамчунин Ширкати Молии Байналмилалӣ (IFC) эълом кардааст, як андозсупоранда ё молиётдиҳанда дар Тоҷикистон барои пешниҳоди гузориши андозии худ дар сол ба 21 рӯз замон ниёз дорад.