Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон
(last modified Wed, 14 Mar 2018 08:06:22 GMT )
Март 14, 2018 13:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз Душанберо ба мақсади Остона - пойтахти Қазоқистон тарк кард.

Имрӯз сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон оғоз мешавад.

РИА-Новости лаҳазоте қабл барномаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмонро эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, раисҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе) бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Ҳамчунин Раҳмон ҳамроҳ бо сарони кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон, фардо дар нахустин нишасти раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат мекунад.

Раисҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин сафар вазирони хориҷа, дохила, кор ва муҳоҷират, тандурустӣ ва раисони кумитаҳои дин, сармоягузорӣ ва хадамоти зидди инҳисорӣ ҳамроҳӣ мекунанд.