Таъсиси ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар Амстердам
(last modified Thu, 15 Mar 2018 12:14:43 GMT )
Март 15, 2018 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар Амстердам

Мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Аврупо, аз таъсиси ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, муассисони ин ҷунбиш гуфтаанд, ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро 11 нафар дар рӯзи 15 март дар шаҳри Амстердами Ҳолланд таъсис кардаанд.

Дар нахустин баёнияи ин ҷунбиш, номи панҷ нафар, аз ҷумла Анвар Қувватов (бародари Умаралӣ Қувватов), Боир Саидов, Алишер Абдураҳмонов, Шарофиддин Гадоев (ҳамоҳангкунанда) ва Мавҷуда Соҳибназарова (сухангӯи ҷунбиш) ба унвони панҷ узви ин ҷунбиш бурда шудааст.

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” бо эъломи ин ки пас аз дархостҳои мардумӣ ва баҳсу гуфтугӯҳои лозим байни муассисон таъсис шуда, бунёди як давлати модерн ва посухгӯ ва масъулиятпазирро, ки барояш фақат манофеи кишвар ва мардум муҳимм бошад, аз аҳдофи аслии худ донистааст.

Ин ҷунбиш эълом кардааст, роҳе, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо дар пеш хоҳем гирифт, роҳи ислоҳот ва тағйирот аст; Роҳе, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо дар пеш хоҳем гирифт, роҳи ислоҳот ва тағйирот аст. Роҳе, ки бо ба кор гирифтани он, кишваре озод, дорои адолати иҷтимоӣ ва соҳиби иқтисоди пешрафтаву шароити маишии муносиб барои зиндагии мардум дар пай хоҳад дошт.

Муассисони ин ҷунбиши ҷадид аз онҳое, ки нисбат ба ояндаи Тоҷикистон бетафовут нестанд, даъват кардаанд, ки ба ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” бипайванданд.

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, рӯзи 15 март дар сӯҳбат бо сомонаи “Ахбор” гуфт, ин ҷунбиш ҳеҷ иртиботе бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ надорад ва аҳдофи мо бо якдигар мутафовит аст.

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар баёнияи нахустинаш, худро як нерӯи ҷадид ва тозанафас дар арсаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, ки ба бовари муассисонаш, тавоноии тағйир дар ҷомеаи азизи Тоҷикистонро дорад.