Март 15, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Номи Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти таҳримҳои СММ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон, ки дар соли 2015 милодӣ ба созмони террористии ДИИШ пайвастро, таҳрим кард.

Ба гузориш хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар ин феҳраст номи афроде мунташир шудааст, ки бо созмонҳои террористии ДИИШ ва Алқоида робита доранд.

Илова бар Ҳалимов, дар ин феҳраст номи фарде бо лақаби Ҳасан Ат-Тоҷикӣ низ ворид шудааст.

Ин таҳримҳо тамоми кишварҳои узви Созмони Милалро муваззаф мекунад, аз ироаи ҳар навъ силоҳ ва муҳиммот, қисмҳои эҳтиётӣ, кумак ва омӯзишҳои низомӣ ба афроди таҳримшуда, худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин Созмони Милал аз тамоми кишварҳои узв дархост мекунад, ҳар гуна ҳисоби бонкӣ, амвол ва дороии марбут ба ашхоси ин феҳрастро ба суръат бибанданд..

Таҳримҳои ёд шуда, ҳамчунин кишварҳои узви ин созмонро муваззаф мекунад, аз вуруд ва хурӯҷи ашхоси таҳрим шуда ба кишварҳои худ ҷилавгирӣ кунанд.

Гулмурод Ҳалимов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки таҳти таҳримҳои вижаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор мегирад.

Вай моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон нопадид шуд ва дар моҳи майи ҳамон сол бо интишори паёми видеоӣ аз пайвастани худ ба ДИИШ, хабар дод.

Дар айни ҳол чандин бор иттилооте дар бораи кушта шудани вай дар Сурия мунташир шуд; Аммо токунун мавзӯи зинда ва ё кушта шудани вай аз сӯи мақомоти расмӣ ба таври комил тасдиқ ё рад нашудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали худ изҳор дошт: Душанбе аз сарнавишти Ҳалимов иттилое надорад.