Президенти Тоҷикистон 21-уми март ба Ню-Йорк сафар мекунад
(last modified 2018-03-17T08:55:12+00:00 )
Март 17, 2018 13:55 Asia/Dushanbe
  • Президенти Тоҷикистон 21-уми март ба Ню-Йорк сафар мекунад

Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати даҳаи байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” ба Ню-Йорк сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар, ки 21 то 23-юми март хоҳад буд, бо Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Бар асоси гузорише, ки аз сӯйи як гурӯҳи муташаккил аз 11 раиси ҷумҳур (аз ҷумла раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва мушовирони вижаи онҳо мунташир шудааст, камбуди оби ошомиданӣ ба таври куллӣ аз мудирияти нокофии ин манбаи табиӣ аст.

Ин гузориш дар таърихи 14-уми март ба дабири кулли СММ пешниҳод шуд.

Бинобар гузориши пойгоҳи иттилоотии Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 –и мелодӣ ба иллати камбуди оби ошомиданӣ 700 миллион нафар муҳоҷират хоҳанд кард.

Қаблан гузориш шуда буд, ки раисҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнҳои аслии Наврӯз дар шаҳри Панҷакенти ин кишвар ширкат хоҳад кард. Аммо акнун ба назар мерасад, ки ҷашнҳои Наврӯз дар ин кишвар шояд бидуни мушорикати Раҳмон баргузор шаванд.