Март 17, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомии Русия ва Тоҷикистон дар марзи Афғонистон

Нируҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон размоиши низомии муштарак анҷом доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нируҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон размоиши низомии муштарак анҷом доданд.

 Марҳилаи аслии ин машқҳо бо ҳузури воҳидҳои нируҳои мусаллаҳи русу тоҷик дар 15 километрии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Ҳарбмайдон баргузор шуд.

 Низомиёни артишҳои 2 кишвар бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Сурия масоили марбут ба барномарезӣ, мудирият ва таомул дар ҳангоми амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин карданд.

 Дар тӯли иқдомоти амалӣ, ҳамкории нируҳои вежаи амалиётӣ ва шиносоӣ  таҷриба шуда  ва бо истифода аз системаи Туфон, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ, мавозеъи шиносоӣ шударо ҳадаф қарор доданд.

 Анҷоми размоишҳои гуногун тавассути Русия бо Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки пас аз шикасти нируҳои ифротии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ин гурӯҳҳо тавассути дастнишондаҳои ғарбӣ ба шимоли Афғонистон ва ба манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон мунтақил шуданд, ки дар оянда низ барои ин кишварҳо мушкилотеро эҷод хоҳанд кард.