Март 18, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 6 афсари пулис ва амният ба далели шиканҷаи узви собиқи ҲНИТ

Шаш афсари пулис ва амнияти вилояти Суғд ба иттиҳом мшиканҷаи як узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки мӯҷиби худкушии вай гардид, боздошт шудаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ ташкил шуд.

Ба гузориши сонаи “Ахбор”, манобеи пулиси вилояти Суғд гуфтаанд, ки ин 6 афсар муттаҳам ба шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҳизби  дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошанд ва бозҷӯӣ аз онон, оғоз шудааст.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки илова бар иттиҳоми шиканҷа, ки мӯҷиби худкушии Комилхоҷа Назаров шудааст, ба ин афрод иттиҳоми берун баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва дарёфти ришва низ ворид аст. Комил Хоҷаназаров қабл аз худкушӣ дар моҳи августи соли 2017, навори савтиеро таҳия карда ва далели даст ба ин иқдом задани худро шиканҷа ва озору азияти кормандони пулиси вилояти Суғд эълом кардааст, ки баъдан ин навор дар Интернет мунташир шуд. Дар сурати исботи ин иттиҳомҳо додгоҳ метавонад, ҳар як аз ин 6 нафарро ба 12 сол зиндон маҳкум кунад. Қаблан хабаре аз боздошти 4 афсари пулиси вилояти Суғд ба иттиҳоми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров мунташир шуда буд, ки акнун 2 афсари амният низ ба онон изофа шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон боздошти 6 афсари пулис ва амнияти вилояти Суғд ба дастури Додситони кулли ин кишвар ба иттиҳоми шиканҷаи Хоҷаназаров, ки мӯҷиби худкушии вай гардид, аз нодиртарин маворид ба ҳисоб меояд.