Боздошти як оилаи тоҷик дар марзи Украина ва Венгрия
(last modified Sun, 18 Mar 2018 06:02:55 GMT )
Март 18, 2018 11:02 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як оилаи тоҷик дар марзи Украина ва Венгрия

Марзбонони украинӣ ахиран аъзои як оилаи тоҷикистониро ба иттиҳоми талош барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Маҷористон, боздошт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Майор Виктор Васко, намояндаи расмии отряди марзбонии Мукачёво дар вилоияти Закарпатйе, гуфтааст, ки дар амалиёти шабонаи ин неруҳо 5 нафар, ки талош доштанд ба таври ғайриқонунӣ аз ин кишвар вориди қаламрави Венгрия шаванд, боздошт гардидаанд.

Вай таъкид кардааст, ки яке аз ин боздоштшудагон худро шаҳрванди Узбакистон муаррифӣ кард ва 4 нафари дигар аъзои як хонаводаи тоҷик мебошанд, ки шомили падару модар ва ду кӯдаки 3 ва якунисола мешаванд. Ба гуфтаи ин мақоми марзбонии Украина, афроди боздоштшуда барои таҳқиқи бештар ба додситони кулли ин кишвар таҳвил дода хоҳанд шуд. Фармондеҳи посгоҳи марзии Мукачёво мӯътақид аст, ки агар дар раванди таҳқиқ мушаххас гардад, ки афроди боздоштшуда дар қаламрави ин кишвар ба таври ғ ғайриқонунӣ басар мебурданд, бар асоси ҳукми додгоҳ аз қаламрави Украина ихроҷ хоҳанд шуд.

Бар асоси бархе гузоришҳо аз соли 2015 то ба ҳол аз 6 то 8 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои аврупоӣ, дархости паноҳндагӣ кардаанд. Аксари ин афрод худро аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” муаррифи мекунанд, ки дар кишварашон ба далели доштани афкори сиёсии мухолиф бо ҳукумат, таҳти пайгард ва фишор қарор доранд.