Март 19, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати ҳазор тоҷик дар имтиҳони вуруд ба донишгоҳҳои Русия

Наздик ба ҳазор довталаби вуруд ба донишгоҳҳои Русия дар имтиҳоне, ки дар ду донишгоҳи давлатии Хуҷанди маркази вилояти Суғд ва донишгоҳи Хоруғи маркази вилояти Бадахшон баргузор шуд, ширкат карданд.

Ба гузориши сомонаи Маркази улум ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе, дар ин озмуни довталабони тоҷикистонии вуруд ба донишгоҳҳои Русия, бар асоси бурсияи ҳукумати ин кишвар, ки дар донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Хоруғ баргузор гардид, ширкат карданд.

Ин озмун таҳти назари ҳайати муштараке аз намояндагони Созмони иртибототи хориҷии Русия, устодони донишгоҳҳои ин кишвар, ки ба Душанбе омадаанд ва кормандони масъули Вазорат маориф ва илми Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд беш аз 800 нафар ва дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ наздик ба 120 довталаби вуруд ба донишгоҳҳои Русия дар ин озмун ширкат карданд.

Чанде қабл Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ҳарсол беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун ҳашт ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои донишгоҳҳои давлатии Маскав, донишгоҳи иқтисод ва донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, машғули таҳсил ҳастанд.

Аз дидгоҳи сафири Русия дар Тоҷикистон, омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва шӯъбаҳои ин марокизи омӯзишӣ дар дохили ин кишвар, бахше аз ҳамкориҳои роҳбурдии Маскав ва Душанбе аст, ки кумаки Маскав ба тоҷикҳо барои фарогирии улум ва фанновариҳои ҷадид ба ҳисоб меояд.