Март 19, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Путин барои пирӯзӣ дар интихобот

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Владимир Путин, пирӯзии ӯро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ, содиқонатарин ва беҳтарин орзӯҳоро ба муносибати пирӯзии Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия ба ӯ тақдим кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон интихоби дубораи Путинро ба маснади раёсатҷумҳурии Русия, нишони ҳимояти комили мардуми ин кишвар аз сиёсати ӯ, дониста ва ин сиёсатҳоро мояи таҷдид ва таъмини рушди босубот, таъмини амнияти Русия ва ҳамчунин таҳкими нуфуз ва эътибори он, дар арсаи байналмилалӣ хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём хитоб ба Путин гуфтааст: « Дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрик ба ҳамтои руси худ таъкид кардааст, ки кишвараш мутааҳҳид аст, то аз тамоми фурсатҳои мавҷуд барои густариши равобити дуҷониба дар тамоми заминаҳои баландмуддат ва мутобиқ бо манофеи ду кишвар, истифода кунад.

Эмомалӣ Раҳмон барои Путин саломатӣ, шодӣ ва муваффақият дар мақоми раиси давлати Русия ва барои мардуми ин кишвар сулҳу осоиш орзӯ кардааст.

Владимир Путин бо касби ҳудуди 77 дарсади оро, бори дигар ба раёсатҷумҳурии Федератсияи Русия, баргузида шуд.