Боздошти ду масъули “Гурӯҳи -24” дар Туркия
Кормандони полиси Туркия ду масъули созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи -24”-ро дар шаҳри Истанбул боздошт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сӯҳроб Зафар, раиси ин гурӯҳ ва Насим Шарифов, намояндаи он дар шаҳри Истанбули Туркия боздошт шудаанд.
Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи -24” бо таъйиди хабари боздошти ин ду нафар гуфтааст, ки ангезаи ин иқдоми полиси Туркия мушаххас нест.
Сӯҳроб Зафар дар соли 2014 дар Туркия боздошт ва пас аз таҳқиқи парвандааш ба унвони мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон, озод шуда буд.
Ҳамчунин вай аз идораи умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Туркия паноҳандагӣ гирифта ва дар ин кишвар иҷозатномаи иқомат дорад.
Масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи- 24” муътақид аст, ки кормандони полиси Туркия ин ду масъули созмони ёдшударо ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Вай таъкид кардааст, ки барои озодии Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарифов вакили мудофеъ гирифтаанд ва талош хоҳанд кард, ки заминаи озодии онон фароҳам гардад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Бонки Миллии Тоҷикистон бо интишори феҳристе шомили ҳазору 372 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, аз онон ба унвони афроди муртабит бо гурӯҳҳои террористӣ ёд кардааст, ки номи Сӯҳроб Зафар дар ин феҳрист мавҷуд аст, аммо дар он номи Насим Шарифов мушоҳида намешавад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи -24”-ро ба унвони созмони террористӣ дар қаламрави ин кишвар дар соли 2014 мамнуъ кард.