Дидори наврӯзии Раҳмон бо равшанфикрони тоҷик
Раисҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаи ҳарсола, дар остонаи фаро расидани Наврӯз бо гурӯҳе аз равшанфикрони тоҷик дидор кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”,Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор Наврӯзро аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон донист ва бар зарурати мутолеоти бештари пажӯҳишгарон дар бораи таърихи Наврӯз ва нақши ҷаҳонии он дар таҳкими сулҳу субот, дӯстӣ ва бародарӣ ва иртиботи судманди тамаддунҳо таъкид кард.
Раҳмон бо баёни ин ки дар шароити кунунии ҷаҳонӣ бархурди тамаддунҳо беш аз ҳар замони дигаре шиддат гирифтааст, хостори ҳифзи мероси бостонӣ, арзишҳо ва суннатҳои миллӣ шуд.
Раисҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар беш аз ду ҳазору 900 асари таърихӣ ва меъморӣ вуҷуд дорад, ки ҳанӯз дар робита ба 695 асар иқдомоти пажӯҳишӣ ва бостоншиносӣ сурат нагирифтааст.
Дар ин дидор, ки бо ҳузури теъдоди зиёде аз шоирон, нависандагон, ҳунармандон, донишмандон ва донишгоҳиён баргузор шуд, бархеи онон дидгоҳҳои худро дар бораи Наврӯз ва ҳамчунин муҳимтарин масоили фарҳангии Тоҷикистон матраҳ карданд.