Март 20, 2018 22:42 Asia/Dushanbe
  • Иддаои аҷиби Э. Раҳмон дар бораи забони мардуми Тоҷикистон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо теъдоде аз равшанфикрони тоҷик ба баҳси тоҷикӣ ё форсӣ номидани забони мардуми Тоҷикистон пардохт ва иддао кард, тоҷикӣ забоне ҷудо аз форсӣ аст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо равшанфикрон ба омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи забони тоҷикӣ таъкид кард ва гуфт: “Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз кунем ва рукнҳои пойдории миллат ва кишварро тавассути забон таҳким бахшида, онҳоро ҳарчӣ бештар устувор гардонем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз равшанфикрон даъват кард, ки дар баҳси бархоста перомуни номи забон бетараф набошанд. Вай изҳор дошт: “Аз Шумо зиёиён ва олимон даъват мекунам, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми “забони тоҷикӣ” бетараф набошед ва назару мавқеи худро равшан ва боҷуръат баён намоед. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанд ва ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед”.

Раҳмон афзуд: Мо тибқи Қонуни асосӣ, ки аз тариқи ҳамапурсӣ қабул шудааст, забони давлатиамонро – “забони тоҷикӣ” ва номи давлатамонро "Тоҷикистон” эълом кардаем. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси боору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханронии худ, ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллиро яке аз муҳимтарин ниёзҳои кишвар дар шароити мавҷуди ҷаҳонӣ дониста гуфт: Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони тоҷикии меъёр пайваста саъю кӯшиш кунем ва барои баёни содаву равон ва дурустии андеша талош намоем.

Бори нахуст аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба баҳси идомадори равшанфикрони тоҷик перомуни номи забон пардохтааст.

Дар баҳси забонӣ, ки дар расонаҳо ва бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони тоҷик матраҳ аст, гурӯҳе, ки умдатан донишмандони ҷонибдори сиёсати ҳукумат ҳастанд, касонеро, ки забони мардуми Тоҷикистонро форсӣ медонанд, ба эронгароӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, забоне, ки дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ташаккул ёфтааст, ба як забони мустақил табдил ёфта ва бояд фақат ва фақат “забони тоҷикӣ” ном бурда шавад.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи дигар муътақиданд, забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надорад, балки забоне, ки мардуми Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар Афғонистон ва Эрон ва ҳавзаҳои дигари форсизабон ҳарф мезананд, як забон аст ва номаш форсӣ аст.