Афзоиши ирсоли пули коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
(last modified Wed, 21 Mar 2018 14:06:26 GMT )
Март 21, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ирсоли пули коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия

Бонки марказии Русия аз афзоиши мизони интиқоли пули коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки марказии Русия, мизони интиқоли пули коргарони муҳоҷири тоҷик тайи соли 2017 ба кишварашон ду миллиарду 536 миллион доллар будааст.

Ин мизон дар муқоиса бо соли қабл 600 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Коршиносон пешбинӣ карда буданд, агар ирсоли пули коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба кишварашон то поёни соли 2017 раванди афзоишӣ дошта бошад, барои нахустин бор тайи се сол ахир аз ҳаҷми ду миллиард доллар фаротар хоҳад рафт.

Пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар соли 2014, мизони маошу дастмузди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфт, ки ин амр боиси ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2013 чаҳор миллиарду 200 миллион доллар ба кишварашон пул ирсол карда буданд, ки рекорд ба ҳисоб меомад.

Дар соли 2016 ин шохис ба як миллиарду 929 миллион доллар расид ва дар соли 2017 аз марзи дувуним миллиард доллар фаротар рафт.

Аммо афзуда шудани маблағи лозим барои дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат, ҳаққи бимаи иҷтимоӣ ва молиёт барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, хароҷоти сангинеро дар Русия ба дӯши ин афрод бор мекунад, ки боиси коҳиши мизони даромади молии онҳо мешавад.