Март 22, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо дабири кулли СММ дар Ню-Йорк

Раисҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” ба Ню-Йорк рафтааст, бо Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, меҳвари гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерреш ҳамкориҳои байналмилалии об ва тавсеаи пойдор барои солҳои 2018 – 2028, ки ба ибтикори Тоҷикистон тасвиб шудааст, равобити дуҷониба ва авзои амниятии Афғонистон буд.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, дар чорчӯби ин барнома кишвараш мизбони Ҳамоиши байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” тайи рӯзҳои 20 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар Душанбе хоҳад буд.

Ин ҳамоиш ба мавзӯи аҳамияти мудирияти об барои таъмини манофеи кишварҳои минтақа мепардозад.

Вай ҳамчунин аз баргузории нишасти байналмилалии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар шаҳри Душанбе, бо ҳамкории СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва кишварҳои минтақа тайи рӯзҳои севум ва чаҳоруми майи соли ҷорӣ хабар дод.

Дабири кулли СММ низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар таъмини манобеи оби мавриди ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ, хостори ҳамкории бештари кишварҳои минтақа барои ҳифзи субот ва амният шуд.

 Гутерреш таъкид кард, нигарониҳои Тоҷикистонро дар бораи авзои амниятии Афғонистон, зарурати ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар авомили таҳдидкунандаи суботи минтақа дарк мекунад.

Вай таъкид кард, Созмони Милали Муттаҳид омодаи ҳамкории наздик дар ин замина бо Душанбе аст.