Мухолифати додгоҳи Туркия бо истирдоди масъулони “Гурӯҳи – 24” ба Тоҷикистон
Додгоҳи қонуни асосии Туркия баррасии мавзӯи истирдоди ду масъули созмони дар Тоҷикистон манӯи “Гурӯҳи – 24”-ро ба муддати се моҳ ба таъхир андохтааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин додгоҳ эълом кардааст, агар истирдоди Сӯҳроби Зафар, раиси ин гурӯҳ ва Насим Шарифов, намояндаи он ба Тоҷикистон, боиси шиканҷаи онон шавад, ин мавзуъ бояд мавриди баррасии бештар қарор гирад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи – 24” -ро ба унвони созмони террористӣ дар хоки ин кишвар дар соли 2014 мамнуъ кард.
Енгин Йилдирим, раиси додгоҳи қонуни асосии Туркия гуфтааст, баррасии дубораи мавзӯи истирдоди ин ду нафар пас аз мушоҳидаи тамоми аснод ва мадорик, се моҳ пас оғоз хоҳад шуд.
Аммо Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи -24” бо таъйиди хабари таъхири семоҳаи мавзӯи истирдоди ин ду масъули гурӯҳи ёдшуда, таъкид кардааст, аз сарнавишти ояндаи Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарифов нигарон аст.
Ба гуфтаи вай, додгоҳи Туркия метавонад ононро озод кунад, вале ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки амнияти ҷонии онон таъмин шавад.
Ба қавли вай, ин нигаронӣ ба хотири он аст, ки Умаралӣ Қувватов, раис ва муассиси “Гурӯҳи- 24” дар моҳи марти соли 2015, пас аз боздошт дар Истанбули Туркия озод шуд ва ду моҳ баъд мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва ҷони худро аз даст дод.
Сӯҳроб Зафар дар соли 2014 дар Туркия боздошт ва пас аз баррасии парвандааш ба унвони мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон озод шуда буд.
Ҳамчунин вай аз идораи умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Туркия паноҳандагӣ гирифта буд ва дар ин кишвар муҷаввизи иқомат дорад.