Масъулони “Гурӯҳи – 24” ба Тоҷикистон истирдод намешаванд
(last modified Sat, 24 Mar 2018 13:44:59 GMT )
Март 24, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Масъулони “Гурӯҳи – 24” ба Тоҷикистон истирдод намешаванд

Мудири дафтари Созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ду масъули дар Туркия боздоштшудаи созмони мамнуъшудаи “Гурӯҳи – 24” ба Тоҷикистон истирдод нахоҳанд шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Стив Свердлов гуфтааст, феълан Додгоҳи қонуни асосии Туркия истирдоди Сӯҳроб Зафар, раиси ин гурӯҳ ва Насим Шарифов, намояндаи онро ба Тоҷикистон ба муддати се моҳ ба таъхир андохтааст.

Вай сабаби ин корро имкони шиканҷаи ин ду масъули созмоне, ки фаъолияти он дар Тоҷикстон мамнуъ эълом шуда, донистааст.

Ба ин далел, вакилони мудофеи Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарипов бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва асноди ҳуқуқӣ талош мекунанд ангезаи сиёсӣ доштани боздошти ин ду дар шаҳри Истанбули Туркияро собит кунанд.

Қаблан Энгин Йилдирим, раиси Додгоҳи қонуни асосии Туркия гуфта буд, ки баррасии дубораи мавзӯи истирдоди ин ду пас аз омӯзиши тамоми аснод ва мадорик, баъди се моҳи дигар оғоз хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи “Гурӯҳи 24” гуфтааст, ин ду нафар пас аз интишори феҳристе аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон дар бораи афроди муртабит бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Бонки Милли Тоҷикистон ахиран номи як ҳазору 372 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро дар феҳристи афроди муртабит бо гурӯҳҳои террористӣ мунташир кард, ки исми Сӯҳроб Зафар дар ин лист мушоҳида мешавад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи – 24”-ро ба унвони созмони террористӣ дар хоки ин кишвар дар соли 2014 мамнуъ кард.