Март 25, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз эҷоди урдугоҳҳои ДИИШ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Русия аз эҷоди урдугоҳҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Русия, Артем Кожин, муовини сухангӯи ин вазоратхона гуфт, эҷоди урдугоҳҳои гурӯҳи террористии ДИИШ барои омӯзиши афроди вобаста ба ин созмони такфирӣ, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Дар ин урдугоҳҳо теъдоде аз аъзои ДИИШ, ки аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, омӯзиш мебинанд ва дар баландмуддат барои минтақа ба таҳдиди билқувваи амниятӣ табдил мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки авзои амниятии Афғонистон вахим аст ва гурӯҳи Толибон наздик ба ниме аз қаламрави ин кишварро, дар ишғоли худ дорад.

Ба гуфтаи муовини сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, омили дигари нигаронкунанда дар мавриди авзои амниятии Афғонистон, нуфӯзи гурӯҳи террористии ДИИШ аст, ки ба тадриҷ бар манотиқе дар шимоли ин кишвар мусаллат мешавад. Гурӯҳи ДИИШ акнун бо эҷоди урдугоҳҳои омӯзишӣ дар шимоли Афғонистон талош мекунад, ки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро барои истифода дар барномаҳои тахрибкоронаи худ ҷазб кунад.

Тайи рӯзҳои ахир мақомоти мухталифи Русия бо ибрози нигаронӣ аз авзои амниятии Афғонистон ва густариши нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли ин кишвар ва дар наздикии марзҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ,  ҳушдор додаанд.