Ҳеч тоҷике дар оташсӯзии Кемерово осеб надидааст
Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Кемерово, дар минтақаи Сибири Русия гуфт, ҳеҷ як аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаи оташсӯзӣ дар як маркази тиҷорӣ дар ин шаҳр осеб надидаанд.
Ба гузориши сайти “ТОП Тҷ”, Ашӯрбек Мастонов гуфтааст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар табақаи аввали ин маркази тиҷорӣ фаъолият мекарданд, ки ба маҳзи мушоҳидаи оташсӯзӣ аз маҳалли кори хеш хориҷ шудаанд ва ба онон осеб нарасидааст.
Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Кемерово гуфтааст, пас аз итминон ёфтан аз набудани шаҳрвандони Тоҷикистон миёни куштаҳо, захмиҳо ва нопадидшудагон, ин мавзуъ ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ иттилоъ дода шуд.
Бар асоси охирин гузориши созмони ҳаводиси пешбининашудаи Русия, дар ин ҳодисаи оташсӯзӣ 64 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки бештари қурбониён кӯдак будаанд.
Оташсӯзӣ дар табақаи чаҳоруми сохтмон, ки маҳалли саргармиҳои кӯдакон буд, рух дод.
Ин маркази тиҷорӣ дар масоҳати беш аз ҳазору 23 метри мураббаъ дар соли 2013 сохта шудааст, ки дорои мағозаҳо, синамо ва маркази бозии кӯдакон мебошад.