Боздошти 3 тоҷик дар Русия ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба ДИИШ
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар фурӯдгоҳи шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия боздошт шудаанд, ба додгоҳ ирсол шуд.
Ба нақл аз Спутник, Додситони вилояти Краснодар эълом кардааст, ин 3 шаҳрванди 26 то 33 солаи Тоҷикистон, ки қасди парвоз ба шаҳри Истанбули Туркия ва рафтан ба Сурияро бо ҳадафи пайвастан ба ДИИШ доштанд, дар баҳори 2016 аз сӯи маъмурони марзбонии вилояти Краснодар дар фурӯдгоҳи ин шаҳр боздошт шуда буданд ва акнун бо поёни таҳқиқот, парвандаи ҷиноии онон барои судури ҳукм ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ба ин афрод дар заминаи омодагӣ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ ва террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави ин Русия мамнуъ аст, эъломи иттиҳом шудааст.
Дар сурати исботи ин иттиҳом, додгоҳ метавонад ин 3 шаҳрванди Тоҷикистонро ба 20 сол зиндон маҳкум кунад.
Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки яке аз роҳҳои пайвастани насли ҷавони ин кишвар ба ДИИШ дар Русия, муҳоҷирати онон барои пайдо кардани кор аст, аммо ба далели набуди ҷои кор дар дохили Тоҷикистон ин афрод ба ҷуз аз рафтан ба хориҷ ва ба вижа Русия, роҳи дигаре барои таъмини манобеи молии мавриди ниёзи хонаводаҳои худ надоранд.