Март 27, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Русия омодаи тасҳили дарёфти тобеият барои хориҷиҳо

Муовини аввали вазири кишвари Русия аз омодагии ин вазоратхона барои осонсозии раванди дарёфти тобеият барои атбои хориҷӣ хабар дод.  

Ба нақл аз Спутник, Александр Гаравай гуфтааст, Вазорати кишвари Русия акнун дар ҳоли ба ҳадди ақал расондани мароҳили дарёфти тобеияти Русия барои атбои хориҷӣ аст, ки бо камтарин ҳазина ва дар муддати кӯтоҳ анҷом хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, вазорат аз эътои тобеият ба атбои хориҷии мутахассис, донишҷуёне, ки дар марокизи донишгоҳии ин кишвар омӯзиш дидаанд ва донандагони забони русӣ истиқбол хоҳад кард.  

Ин мақоми интизомии Русия муътақид аст, дар оянда низ бо ҳамкорӣ бо вазорати кор ба мавзуи фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар аҳаммияти зиёде дода хоҳад шуд, то аз миёни ин афрод низ довталабони дарёфти тобеияти Русия баргузида шаванд.  

Бар асоси қонуни ҷадид барои тасҳили дарёфти тобеияти Русия, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои касби тобеият ин кишвар иқдом кунанд. Зеро барои касби тобеияти ин кишвар танҳо донистани забони русӣ ва риояти муқаррароти зиндагӣ ва одоб ва фарҳанги ин кишвар кофӣ аст.

Русия ба иллати коҳиши ҷамъият маҷбур аст, ба атбои хориҷӣ тобеият эъто кунад.  

Бар асоси омори расмӣ таи беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия куч карда ва тобеият гирифтаанд, 500 ҳазор тан аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби ин мавқеият шудаанд.