Радди изҳороти генерали амрикоӣ аз ҷониби Тоҷикистон
(last modified Tue, 27 Mar 2018 07:03:21 GMT )
Март 27, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Радди изҳороти генерали амрикоӣ аз ҷониби Тоҷикистон

Тоҷикистон изҳороти беасоси фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Амрико дар Афғонистон генерал Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС, ки гуё тавассути сарҳади Тоҷикистон ба Толибон силоҳ таъмин мегардад, боиси таассуф донист.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таи баёнияе гуфтааст: “Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ машрӯъияти “Ҷунбиши Толибон”-ро эътироф накардааст ва бо ҷонибдорӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои  чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри  кишварҳои дигар нагузоштааст”.   

Генерал Ҷон Николсон ахиран дар мусоҳиба бо Бӣ Бӣ Сӣ, Русияро ба ҳимояти таслиҳотии Толибони Афғонистон аз тариқи марзи Тоҷикистон муттаҳам кардааст.

Вай таъкид кард, ки Русия ва Тоҷикистон ахиран бо ҳам дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тамриноти зиддитеррор баргузор карданд ва бархе аз силоҳҳои ин размоишро дар ҳамон минтақа ҷо гузоштанд, ки баъдан ба Толибон ирсол шудааст.

Ин аввалин иттиҳом ба Русия барои таъмини силоҳи Толибон нест. Соли 2017 Абдулвадуд Паймон, муовини Парлумони Афғонистон низ дар мавриди ирсоли пинҳонии силоҳҳои русӣ ба Толибон аз тариқи марзи Тоҷикистон-Афғонистон хабар дода буд.