Русия барои ҳалли ихтилофи парвозӣ бо Тоҷикистон то аввали апрел фурсат дод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i31858-Русия_барои_ҳалли_ихтилофи_парвозӣ_бо_Тоҷикистон_то_аввали_апрел_фурсат_дод
Вазорати ҳамлу нақли Русия ба Тоҷикистон пешниҳод кард, то аввали апрели соли ҷорӣ барои ҳалли ихтилофи парвозии ахири миёни Маскав ва Душанбе аз роҳи музокира иқдом кунад, зеро пас аз ин муддат муҷаввизи парвози муваққати ширкати "Сомон эйр" аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав поён хоҳад ёфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 28, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Русия барои ҳалли ихтилофи парвозӣ бо Тоҷикистон то аввали апрел фурсат дод

Вазорати ҳамлу нақли Русия ба Тоҷикистон пешниҳод кард, то аввали апрели соли ҷорӣ барои ҳалли ихтилофи парвозии ахири миёни Маскав ва Душанбе аз роҳи музокира иқдом кунад, зеро пас аз ин муддат муҷаввизи парвози муваққати ширкати "Сомон эйр" аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав поён хоҳад ёфт.

Ба гузориши “Спутник”, ин вазорат таъкид кардааст, агар то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ тарафи Тоҷикистон барои мушорикат дар музокирот бо ҷониби Русия дар заминаи поён додан ба ихтилофи парвозии ахири миёни ин ду кишвар иқдом накунад, муҷаввизи 3 парвози ҳафтаии ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" аз Хуҷанд ба Маскав тамдид нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҳайатеро ба Маскав барои музокира бо ҷониби Русия барои поён додан ба ихтилофи парвозии ахири миёни ин ду кишвар эъзом намояд. Вазорати ҳамлу нақли Русия таъкид кардааст, ки дар сурати бидуни посух гузоштани ин пешниҳод мавзӯи тамдид нашудани муҷаввизи парвози ҳафтаии ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" аз Хуҷанд ба Маскав баррасӣ хоҳад шуд.

Ихтилофоти тоза бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз замоне оғоз шуд, ки Вазорати ҳамлу нақли Русия бо баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури иҷозатнома барои парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” ба Душанбе ва Хуҷанд аз рӯзи ҳафтуми марти соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба таҳрим таҳдид кард ва масири парвози ҳавопаймоҳои ду ширкат, "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" низ тӯлонӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кардааст, Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, аммо ин мавзӯъ ба зиёни тарафи тоҷикистонӣ аст. Ба гуфтаи мақомоти Идораи ҳавопаймои кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.