Март 28, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои мақоми низомии Амрико аз сӯи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе иддаои фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон бар асоси ирсоли таҷҳизоти низомӣ барои Толибон аз марзи Тоҷикистонро рад кард.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин баёния таъкид кард, изҳороти ахири Ҷон Николсон-фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон бар асоси интиқоли таҷҳизоти низомӣ аз тариқи марзҳои Тоҷикистон ба Толибон беасос аст ва сиҳат надорад.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин тасреҳ шудааст, Тоҷикистон бо ҳимоят аз ҳалли мусолиматомези муноқиша дар Афғонистон ҳаргиз ба тарафи солис(саввум) иҷозаи истифода аз хоки худро надодааст.

Фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон ахиран иддао кард, Русия дар машқҳои  низомии муштарак бо Тоҷикистон дар наздикии марзҳои Афғонистон бахше аз таҷҳизоти низомиро ба Толибон таҳвил додааст.

Амрико дар ҳоле ба тарҳи  ин иддао мепардозад,ки гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар шаҳри  Тошканд- пойтахти Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст ва дар Русия яке аз ҳомиёни аслии ин музокирот ба шумор меравад.

Русия аз фароянди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят  мекунад, чароки вуҷуди сулҳу суботи сиёсӣ дар Афғонистон ва Осиёи марказӣ мавҷиби аз даст додани машруъияти неруҳои бегона дар минтақа аст.

Таҷриба нишон додааст вахомати вазъияти амниятии Афғонистон баҳонае барои идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар он кишвар хоҳад буд ва ин мавзӯъ бо манофеъи Русия  дар таъоруз аст ва илова бар он низ эҳтимоли сарояти терроризм ба Осиёи марказӣ хатаре аст, ки Русия ва кишварҳои Осиёи марказиро таҳдид мекунад.

Ҳамчунин қудратгирии Толибон ва нотавонии давлати Афғонистон ин шароитро фароҳам мекунад, то гуруҳҳои мутаъаддиди террористӣ бо ҳадафи бесуботсозии Осиёи марказӣ шакл бигирад ва амнияти минтақаро таҳдид кунанд мавзӯъе, ки метавонад бори  дигар заминаи дахолати Амрико дар Осиёи маркзиро фароҳам кунад.

Дар ҳамин пайванд Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон бар ин бовар аст, ки Руисия нақше калидӣ дар фароянди сулҳи Афғонистон дорад. Мо ниёзманди равобити хуб бо Русия ҳастем ва Амрико бояд бидонад, ки бо зур наметавонад ба чизе даст пайдо кунад ва сулҳ танҳо бо кумаки тамомии қудратҳои бузург ва ҳамсоягони Афғонистон барқарор мешавад.

Неруҳои амрикоӣ пас аз ҳамлаи 11-уми сентябр ба баҳонаи воҳии мубориза бо терроризм ба ишғоли хоки Афғонистон пардохтаанд ва дар тули ин солҳо ҳамчунон хатари терроризм масъалае ҷиддӣ дар Афғонистон аст.

Ҳузури Амрико натанҳо натавонистааст ба ҳалли масъалаи терроризм кумак кунад, балки ба фаолияти гуруҳҳои ситезаҷӯ барои мубориза бо ишғолгарии Амрико машруъият бахшидааст. Гуруҳҳое монанди Толибон, ки Амрико худ замоне ҳомии аслии онҳо буд.