Март 28, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Индонезия дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе

Индонезия маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба намоиш мегузорад.

Сафири Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба манзури осонсозии тиҷорату ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин тавсеаи равобит дар ҳавзаҳои фарҳангу гардишгарӣ байни Индонезия ва Тоҷикистон се ширкати бузург аз Индонезия дар ҳоли барномарезӣ ҳастанд, то дар Намоишгоҳи солонаи байналмилалӣ-2018, ки аз 29 то 31-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳузур ёбанд.

Раҳмат Прамоно, сафири Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Тоҷикистон яке аз бозорҳои ношинохта бо потенсиали бузург дар Осиёи Марказӣ аст ва мо дӯст дорем, содироти маҳсулоти Индонезия ба ин кишварро тарвиҷ диҳем”. Сафири Индонезия бо ишора ба равобити тиҷории дар ҳоли рушди байни Индонезия ва Тоҷикистон гуфт, дар соли 2017 тиҷорати дуҷонибаи ду кишвар 135 дарсад афзоиш ёфта, ба 2.7 миллион доллар расидааст. Сафири Индонезия афзуд, барои баррасии бештари зарфиятҳои бикри ду кишвар аз тоҷирону  бозаргонони тоҷик даъват мекунем, то дар Намоишгоҳи тиҷорати Индонезия (TEI) дар шаҳри Тангеранг, аз 24 то 28-уми октябри соли 2018 ширкат намоянд.

Маҳсулоти умдаи содиротии Индонезия ба Тоҷикистон собун, қаҳва, чой, маводи поккунанда, порча ва либос аст. Солона ҳудуди 300 гардишгари тоҷикистонӣ аз Индонезия боздид мекунад.