Иттиҳомоти Амрико алайҳи Тоҷикистону Русия беасос аст
Айбдоркунии Тоҷикистон бо далоил исбот нашудааст, мегӯяд коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Андрей Серенко.
Ба иттилои Спутник, фармондеҳи қушунҳои амрикоӣ дар Афғонистон генерал Ҷон Никонсон дар мусоҳибаи ихтисосие бо радиои ВВС, дар бораи он, ки гӯё интиқоли аслиҳа ба ҳаракати "Толибон" тавассути марзи Тоҷикистон сурат мегирад, ибрози назар кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо ҷавобҳои фаврӣ дод ва он маълумотеро, ки гӯё тавассути қаламрави вай ба ҳаракати террористии "Толибон" (мамнӯъ дар ФР) аслиҳа интиқол дода мешуда бошад, рад кард.
Коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Андрей Серенко бовар дорад, ки айбдоркуниҳои Тоҷикистон ва Русия дар робита ба дастгирии толибон аз ҷониби ИМА овозаву дарвоза аст.
"Он воҳимае, ки гӯё Русия ё Тоҷикистон толибони афғонро бо аслиҳа таъмин мекунанд, дар асл аллакай як дуруғи шохдор шуда мондааст. Бори аввал нест, ки ман онро мешунавам", — гуфт коршинос.
Ба гуфти ӯ, ҳанӯз се сол пеш вай чунин эъломҳоро дар ВАО дида буд.
Тоҷикистон овозаи интиқоли аслиҳа тавассути қаламрави худ ба "Толибон"-ро рад кард.
"Ин гуна овозаву дарвоза беҳадду каноранд ва одамоне, ки ба омӯзиши масоили Афғонистон машғуланд, мунтазам бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар асл ин овозаҳоро на таъйид ва на рад карда намешавад, зеро ҳеҷ далели қотеъе вуҷуд надорад, масалан, на аксу на баёноти шоҳидон ва ғайраву ҳоказо", — илова намуд коршинос.
То замоне, ки ягон далели даст доштани Русия ва Тоҷикистон дар интиқоли аслиҳа ба толибон исбот нашудааст, чунин рӯйдодҳо низ сарфи назаранд, муътақид аст Серенко.