Кумаки билоивази Бонки рушди Осиё барои бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар
Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё, тарҳи ихтисоси кумаки молии билоивази 90 миллион долларии ин ниҳодро барои бозсози масири миёни шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ), маркази вилояти Хатлонро тасвиб кард.
Ба нақл аз Ка-Ниюз, ин маблағ барои бозсозии 40 километр аз масири 96 километрии байни Душанбе то Бохтар ҳазина хоҳад шуд.
Камол Буаҳмад, мудири идораи умури Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ дар Бонки рушди Осиё гуфт, бо иҷро шудани тарҳи бозсозии масири Душанбе то Бохтари Тоҷикистон, заминаи иртиқои тавони ҳамлу нақли ҷоддаӣ, эҷоди иштиғол барои сокинони ин минтақа ва коҳиши мизони фақр фароҳам мешавад. Чун ҳамарӯза дар ин масир беш аз 10 ҳазор мошин тараддуд мекунад, ки роҳи муҳиме дар иртиботи заминии марказ ва ҷануби Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
Бо иҷрои ин тарҳ, роҳи феълии Душанбе ва Бохтар дорои 4 хат ба ҷои 2 хати кунунӣ хоҳад шуд, ки заминаи рафту омади мошинҳои борӣ миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Покистонро низ фароҳам мекунад.