Март 29, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои Наврӯзӣ дар Панҷакент

Шоми рӯзи 28 март Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки наврӯзи имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, чун ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" расман оғоз гардидааст.

"Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур изҳори умед кардааст, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтааст.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги Наврӯзӣ бошукуҳ баргузор шудааст.