Оғоз ба кори Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2018” дар Душанбе
(last modified Fri, 30 Mar 2018 14:19:40 GMT )
Март 30, 2018 19:19 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2018” дар Душанбе

Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2018” бо ҳузури 55 ширкат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе гушоиш ёфт.

Ба нақл аз Форс, маросим ифтитоҳияи ин намоишгоҳ бо ҳузури раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, муовини аввали Кумитаи тавсеаи гардишгарӣ, муовини Вазорати кишоварзи Тоҷикистон, сафирони кишварҳои мухталифи муқими Душанбе ва соири меҳмонон дар “Кохи Борбад” баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои мухталиф аз кишварҳои Русия, Белорус, Узбакистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо ҳимояти давлат баргузор шудааст.

Ба маърази намоишгоҳ самтҳои афзалиятноки рушд, аз қабили энергетика, нақлиёт, таҷҳизоти сохтмонӣ, дастгоҳҳои барқӣ, саноатҳои хӯрокворӣ ва сабук, маводҳои сохтмонӣ, мошинсозӣ, пизишкиву дорусозӣ, маҷмааҳои агросаноатӣ ва техникаи кишоварзӣ, истеҳсоли ҷавоҳирот, гардишгарӣ ва ҳунармандӣ, гузошта шудааст. 

Намоишгоҳ то 31 март давом мекунад.