Апрел 02, 2018 19:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои минтақаӣ ва мубориза бо терроризм - меҳвари ройзании мақомоти Қатару Тоҷикистон

Раиси бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Қатар гуфт, Доҳа аз ибтикороти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Ториқ Ансорӣ, раиси бахши ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Қатар гуфт, ки Доҳа аз ибтикороти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад. Ансорӣ ин суханонро дар ҷараёни дидор бо Хусрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Доҳа изҳор дошт.

Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити ду ва чандҷониба миёни ду кишвар бо ҳадафи тавсеаи пойдор ва мубориза бо чолишу таҳдидоти ҷаҳони мудерн мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.  Ансорӣ дар ин мулоқот ҳимояти кишвараш аз талошҳои Тоҷикистон барои расидан ба тавсеаи пойдор, тарвиҷи дастури кори ҷаҳонии об, мубориза бо терроризм ва иҷрои иқдомоти муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз авомили зуҳури терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар минтақа ва хориҷ аз он иброз дошт. Дар ин замина Ансорӣ ширкати фаъоли ҳайати баландпояи Қатар дар конфронси байналмилалии сатҳи боло дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар 3-4-уми май, конфронси байналмилалии «Об барои тавсеаи пойдор-2018-2028» дар таърихи 20-22-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанберо таъйид кард. Тарафайн ҳамчунин дар хусуси иҷрои муштараки тарҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки ба тавсеаи пойдори Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ кумак мекунанд, баҳсу табодули назар карданд.