Апрел 03, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон бо иҷроӣ кардани тарҳҳои сармоягузории хориҷӣ

Иҷроӣ кардани тарҳҳои сармоягузории хориҷӣ барои чанд тарҳи муҳими иқтисодӣ дар Тоҷикистон, муҷиби афзоиши қарзи хориҷии ин кишвар хоҳад шуд.  

Ба нақл аз Авесто, Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли ҷорӣ қасд дорад, барои иҷроӣ кардани чанд тарҳи муҳими иқтисодӣ ва энержӣ дар кишвар қарзҳои моли ҷадид дарёфт намояд.

Аммо коршиносони ниҳодҳои молии байналмилалӣ мегӯянд, дар шароити кунунӣ, ки мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон наздики 3 миллиард доллар аст, бозпрдохти ин қарзҳо барои давлати Тоҷикистон мушкилсоз хоҳад шуд. Чун соли 2017 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 39 дарсад дар тобистон ба 50 дарсад аз маҷмуи маҳсулоти тавлиди нохолси миллии ин кишвар дар охири ин сол расид, ки иллати он низ фурӯши 500 миллион доллар саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар хориҷ буд.  

Мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон соли 2017 ба беш аз ду миллиарду 900 миллион доллар расида буд, ки аз ин миқдор қарзи хориҷӣ, як миллиарду 200 миллион доллар мутааллиқ ба кишвари Чин аст.  

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, ба Бонки рушди Осиё 235 миллион доллар ва ба Бонки рушди исломӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.