Мақоми нахусти донишомӯзи тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Маскав
(last modified Wed, 04 Apr 2018 07:06:13 GMT )
Апрел 04, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Мақоми нахусти донишомӯзи тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Маскав

Як донишомӯзи тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Маскав муваффақ ба касби мақоми нахуст шуд.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин мусобиқот беш аз 9 ҳазору 500 донишомӯз, коршинос ва донишманди ҷавон аз 28 кишвари ҷаҳон ширкат карда буданд, ки Далер Пиров, донишомӯзи литсейи “Ҳотам ва ПВ” аз Тоҷикистон муваффақ шуд мақоми нахусти ин мусобиқот дар риштаи фановарии “нано”-ро ба худ ихтисос диҳад.

Ҳамчунин Темур Саломатшоев ва Фараҳманд Ҳасанов, ду донишомӯзи дигари ин литсей ҳам дар ин ришта аз мусобиқоти байналмилалии Маскав муваффақ ба касби мақом шуданд.

Бино ба эъломи дабирхонаи баргузории ин мусобиқот, ҳар се ин донишомӯзи тоҷикистонӣ метавонанд бидуни озмун вориди донишгоҳҳои Русия шаванд.

Мусобиқоти байналмилалии Маскав дар риштаи фанноварии “нано” дар Донишгоҳи давлатии Ломоносови ин кишвар тайи рӯзҳои 25-уми март то аввали апрели соли ҷорӣ баргузор шуд.