Апрел 04, 2018 14:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистон

Як шаҳрванди 42 солаи чинӣ ба ҷурми табаҳкорӣ ва латукӯби ҳамватанаш, аз сӯйи мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошт шуд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ин шаҳрванди чинӣ, ки номаш эълом нашудааст, дар даргирӣ бо ҳамватани 46 солаи худ, ӯро бо корд захмӣ кардааст.

Нафари захмӣ, ки ҳолаш вахим эълом шудааст, ба бемористон мунтақил шудааст.  

Ҳодисаи даргирии хунбори ду шаҳрванди чинӣ дар маҳдудаи бозори “Атуш"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон рух дод ва мақомоти тафтишотӣ дар ҳоли баррасии ҷузъиёти он ҳастанд.