Аз Тоҷикистон хориҷ шудани "Газпром" иштибоҳ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3217-Аз_Тоҷикистон_хориҷ_шудани_Газпром_иштибоҳ_аст
Аз дидгоҳи коршиносон рус, хурӯҷи ширкати нафтии "Газпром"-и Русия аз Тоҷикистон иштибоҳ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 30, 2016 13:34 Asia/Dushanbe
  • Аз Тоҷикистон хориҷ шудани

Аз дидгоҳи коршиносон рус, хурӯҷи ширкати нафтии "Газпром"-и Русия аз Тоҷикистон иштибоҳ аст.

Ба гузориши торнамои таҳлилии «Ритм Евразии», коршиносони рус муътақиданд, ки барои нигаҳ доштани Тоҷикистон дар меҳвари нуфузи Русия ширкати нафтии "Газпром" бояд ба фаъолияти иктишофии худ дар майдонҳои гази ин ҷумҳурӣ идома диҳад, зеро Тоҷикистон дар қолаби созмонҳои ҳамгироии минтақаӣ, назири ИДМ, СПАД ва СҲШ бо Русия равобити роҳбурдӣ (стратегӣ) дорад ва беҳтар аст, ки ширкати нафтии "Газпром" дар тасмими худ мабнӣ ба хурӯҷ аз ин ҷумҳурӣ таҷдиди назар кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар бораи мизони захираҳои шиносоишудаи нафту газ дар Тоҷикистон дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия захираи нафту газ дар майдонҳои ғарбии ин кишварро наздик ба 1 миллиард тонна унвон карда, ки дар умқи 5 то 7 ҳазор метр воқеъ шудаанд ва ба сармоягузории калони молию таҷҳизоти пешрафта барои истихроҷ ниёз доранд. Аммо мудирияти ширкати нафтии "Газпром"-и Русия бо вуҷуди анҷоми ковишҳо дар умқи беш аз 6 ҳазору 500-метрӣ дар ин майдонҳо ба захоири қобили истихроҷи газ даст наёфт. Аз сӯйи дигар Салмон Табаров, коршиноси умури нафту газ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар 7 майдони нафтӣ вуҷуд дорад, ки дорои нафти сангинанд ва барои тоза кардани он аз гӯгирд (сулфур) ва маводи мухталифи дигар ниёз ба масрафҳои изофист.

Дар ҳамин ҳол, ширкати русии "Газпром" эълом кардааст, ки ба далели набудани сарфаи иқтисодӣ барои иктишофи захоири гази майдонҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳанбарии ғарбӣ" муҷаввизи фаъолият дар ин ду минтақаро ба Ҳукумати Тоҷикистон бозпас хоҳад дод, ки ин мавзӯъ ба маънии хурӯҷи қатъии ин ширкат аз ин кишвар аст.