Тамоюли Тоҷикистон ва Арабистон барои роҳандозии сандуқи муштараки сармоягузории тоҷирон
(last modified Thu, 05 Apr 2018 14:11:49 GMT )
Апрел 05, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Тоҷикистон ва Арабистон барои роҳандозии сандуқи муштараки сармоягузории тоҷирон

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз тамоюли Душанбе ва Риёз барои эҷоди сандуқи муштараки сармоягузории мустақим хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, мақомоти зирабти тоҷик ва саудӣ дар иҷлоси Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Риёз барои эҷоди ин сандуқ, изҳори алоқамандӣ карданд.

Ду тараф дар ин иҷлос бо таъкид бар зарурати истифодаи густурда аз зарфиятҳои мавҷуд, хостори эҷоди сандуқи муштараки сармоягузориҳои мустақим ва шӯрои тоҷирони ду кишвар шуданд.

Ҳамчунин тибқи тавофуқоти миёни ду кишвар интизор меравад, ки дар соли ҷории милодӣ, тоҷирон ва сармоягузорони саудӣ бо ҳадафи ошноӣ бо бозори Тоҷикистон ба Душанбе сафар кунанд.

Раёсати ҳайати тоҷикиро дар ин нишаст, Фаррух Ҳамроҳализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ ва ҳайати саудиро Маҷид ал Барвадӣ, муовини вазоратхонаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Ба эътиқоди бархе коршиносон, сармоягузории кишварҳои араб ҳамчун Қатар ва Арабистон дар Осиёи Марказӣ беш аз он ки тавҷеҳи иқтисодӣ дошта бошад, ҳадафҳои иддеологӣ ва сиёсиро думбол мекунад, ки густариши тафаккури салафигарӣ аз он ҷумла аст.