Апрел 06, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари дармони Толибони захмӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон иддаои як сиёсатмадори афғонро дар бораи дармони Толибони захмӣ дар бемористонҳои Тоҷикистон такзиб карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо такзиби ин иддао онро дурӯғи маҳз ва дасиса хонд. Сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон таъкид кард, Тоҷикистон ҳеҷ гуна тамос ва иртиботе бо ҷунбиши Толибон надорад ва ахборе аз ин даст ҳар аз гоҳ дар расонаҳои хабарӣ мунташир мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо ташдиди авзоъ дар минтақа аст. Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, марзи Тоҷикистону Афғонистон дар контроли нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон қарор дорад.

Камол Софӣ, намояндаи Луи ҷирга (Шӯрои решсафедон)-и Афғонистон ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи телевезионии “Тулӯъ”-и ин кишвар муддаӣ шуд, шуморе аз толибони захмӣ ба муддати 15 рӯз дар бемористонҳои Тоҷикистон табобат шудаанд. Ин намояндаи Луи ҷиргаи Афғонистон аз вилояти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳамарз аст, манбаи иддаои худро сокинони маҳаллӣ эълом карда гуфтааст, хабарро телефонӣ ба ӯ расондаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.