Апрел 07, 2018 11:36 Asia/Dushanbe
  • Додхоҳии молбохтагони “Тоҷиксодиротбонк” аз Эмомалӣ Раҳмон

Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Бохтар бо навиштан ва ирсоли номае барои раисҷумҳурии Тоҷикистон, аз Эмомалӣ Раҳмон барои гирифтани пасандозҳояшон аз ин бонк, дархости кумак карданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, сокинони Бохтар дар ин нома навиштаанд, тайи ду соли гузашта натавонистаанд супурдаҳои худро аз бонк пас бигиранд.

Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” дар ин нома бо иддаои ин ки бонк борҳо онҳоро фиреб додааст, нисбат ба натиҷабахш набудани пайгириҳои онҳо аз тариқи Бонки Миллӣ ва додгоҳ ибрози норизоиятӣ кардаанд.

Ҳамчунин дар ин нома аз Рустам Ҳабибуллоев, раиси “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Бохтар низ шикоят шудааст, ки дар бархурд бо муштариёни норозӣ рафтори номуносибе доштааст.

 “Тоҷиксодиротбонк” яке аз чаҳор бонки буҳронзадаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон муштарии худро дар бозпасгирии супурдаҳояшон дучори мушкил кардааст.