Чароғи сабзи тоҷикҳо ба ҷазб ва афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ
Муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тамоюли Душанбе барои афзоиши себаробарии ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ тайи соли оянда дар иқтисоди ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Низомуддини Зоҳидӣ дар поёни сафари дурӯзаи худ ба Кувайт гуфт: Душанбе фурсатҳои зиёдеро барои сармоягузорони кувайтӣ боз кардааст.
Ӯ таъкид кард: Тоҷикистон қадс дорад ҳаҷми молии хориҷӣ дар иқтисоди худро тайи ду соли оянда аз 2.7 миллиард доллар солона то ҳафт миллиард доллар афзоиш диҳад.
Вай бо баёни, ин ки 60 дарсади манобеъи оби ошомидании Осиёи марказӣ марбут ба Тоҷикистон аст гуфт: Ин захираҳо дар сохту сози истгоҳҳои барқ-обӣ мазият дорад, батавре ки Тоҷикистон дар ин ҳавза мавқеъияти раҳбарӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ дорад.
Муовини ниҳоди дипломатики Тоҷикистон афзуд: Мо қасд дорем шабакаи минтақавии энержӣ, ки Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндро ба ҳам пайванд медиҳад бисозем ва ин муҳим барои сармоягузорони кувайтӣ метавонад бисёр ҷаззоб бошад.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард дар қаламрави Тоҷикистон чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ бо режими тарҷиҳӣ барои сармоягузорони хориҷӣ фаолият мекунанд.
Зоҳидӣ дар бахши дигаре аз суханони худ зимни ишора ба иртибототи ин кишвар бо кишварҳои арабӣ гуфт: Тайи соли гузашта дар шаҳри Душанбе даври дуввуми ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи марказӣ баргузор шуд.
Ба гуфтаи вай ин аср мунҷар ба иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ҳарду минтақа шуд.
Ин мақоми тоҷикӣ афзуд: Тоҷикистон бо ислоҳи қавонини марбута, ривоҷ додани ислоҳоти иқтисодӣ ва кумак ба мушорикатҳои давлатӣ ва хусусӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёфта ва фазои сармоягузории худро беҳбуд бахшидааст.
Зоиҳидӣ дар поёни суханони худ бо ишора ба мулоқот бо теъдоде аз мақомоти баландпояи Кувайт зимни сафари феълии худ ба ин кишвар гуфт: Тайи ин дидорҳо роҳу масирҳои тақвияти равобит миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Кувайт мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.