Апрел 07, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Як масъули тоҷик: Душанбе ҳеҷ иртиботе бо Толибон надорад

Сухангӯи бахши марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба суханони як намояндаи парлумони Афғонистон, ҳар хел иртиботи кишвараш бо Толибонро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, иттилооти мунташиршуда аз сӯйи намояндаи парлумони Афғонистон, бепоя ва дурӯғи ошкор аст ва Душанбе ҳеҷ иртиботе бо Толибон надошта ва надорад.

Вай Толибонро як созмони террористии шинохташуда дар Тоҷикистон муаррифӣ кард ва афзуд, ҳар гуна тамос бо он тибқи қонунҳои ин кишвар мамнуъ шудааст.

Чанд рӯз қабл Инҷинир Камол, намояндаи парлумони Афғонистон аз вилояти Қундӯз, дар суханоне аз шабакаи телевизионии “Ошно”-и Афғонистон гуфта буд, нерӯҳои Толибони захмишуда дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатии ин кишвар, дар бемористонҳои Тоҷикистон дармон мешаванд.

Ин намояндаи парлумони Афғонистон ҳамчунин муддаӣ шуд, ҳоло Толибон бо кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ иртибототи наздик ва дӯстона барқарор кардааст.