Дастурамали Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои пӯшиши мардон
Пас аз интишори китобе барои пӯшиши занон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дастурамали вижаи пӯшиши мардонро мунташир кунад.
Ба гузориши “CA News”, ин дастурамали тавсияӣ дар қолаби китоб мунташир мешавад ва шомили намунаҳои пешниҳодии либоси мардон аст.
Бар пояи ин тасмим намунаи либосҳои мардон барои пӯшиш дар маҳалли кор, дар мактабҳо, туйҳо ва дигар ҷашнҳо ва низ либоси вижаи рӯзҳои таътилӣ, таҳия ва барои истифодаи умуми мардони Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Гуфтанист қабл аз ин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мушорикати дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва Кумитаи умури занон ва хонаводаи ин кишвар, китоби дастурӣ барои пӯшиши занонро мунташир кард, ки ин масъала бо баҳсҳои зидду нақизе дар сатҳи ҷомеа ва шабакаҳои маҷозӣ, рӯба рӯ шуд.