Узбакистон содироти газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт
(last modified Sun, 08 Apr 2018 13:14:21 GMT )
Апрел 08, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон содироти газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт

Узбакистон бар асоси қарордоди имзошудаи байни Тошканд ва Душанбе, содироти газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт.  

Ба нақл аз Форс, қарордоди содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон дар чорчуби сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе дар марти соли ҷорӣ имзо шудааст.  

Содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон аз тариқи хати лулаи гази Музробод-Душанбе оғоз шудааст.

Шавкат Шоимов, муовини авваил раиси ширкати саҳомии “Тоҷиктрансгаз” изҳор дошт: Имрӯз барои мардуми мо як рӯзи хуш аст. Содироти газ оғоз шуда ва ин амр дар натиҷаи тавофуқоти ба даст омадаи байни руасои ҷумҳури ду кишвар имконпазир шуд.

Содироти газ имкони таъмини ниёзи ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистонро фароҳам мекунад. Дар ноҳияи Турсунзода корхонаи аломинийи Тоҷикистон воқеъ аст.

Бар асоси ин қарордод, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 126 миллион метри мукааб газ ба арзиш куллии 15 миллиону 100 ҳазор доллар содир мешавад.