Апрел 09, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳо, меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Русия ва Тоҷикистон

Вазирони хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав дидор ва бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.  

Ба нақл аз Форс, дар ин дидор, ки ба даъвати вазири хориҷаи Русия сурат гирифтааст, Сергей Лавров аз Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯст ва ҳамкори роҳбурдӣ ном бурд.  

Вай ҳамчунин аз Сироҷиддин Аслов ба хотири баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар ин кишвар ташаккур кард.  

Вазири хориҷаи Русия идома дод: Ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ аз ҷумла Созмони Шанҳай, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ в Иттиҳоди давлатҳои мустақил, нишонаи наздикии ду кишвар дар ҳамаи заминаҳост.  

Хабаргузории садо ва симо ҳам гузориш дод, вазири хориҷаи Русия дар конфронси хабарӣ бо ҳамтои тоҷики худ аз талош барои тхриби виҷҳаи низоми Сурия, Эрон ва Русия хабар дод.