Апрел 10, 2018 09:39 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи таҳқиқ дар бораи расонаҳои хабарии дохилӣ дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон натоиҷи таҳқиқ дар бораи мизони хонандагон, шунавандагон ва бинандагони расонаҳои хабарӣ, радио ва телевизионҳои давлатӣ ва корбарони интернет дар ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши “Спутник”, ин таҳқиқ тайи ду моҳ, аз декабри соли 2017 то феврали соли ҷорӣ бо мушорикати 2 ҳазор нафар анҷом шудааст ва мизони хонандагон, шунавандагону бинандагони расонаҳои хабарӣ, радио ва телевизионҳои давлатӣ ва корбарони интернетро нишон медиҳад. Бар асоси ин гузориш, аз миёни нашрияҳои давлатӣ рӯзномаи "Ҷумҳурият", ки мутааллиқ ба давлати Тоҷикистон аст, 34 дарсад хонанда дорад. Теъдоди хонандагони нашрияи "Омӯзгор", мутааллиқ ба Вазорат маориф ва илми Тоҷикистон, бештар аз 23 дарсад эълом шудааст. Дар мақоми сеюм нашрияи "Минбари халқ", мутааллиқ ба Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳоким аст, ки беш аз 22 дарсад хонанда доштааст.

Дар миёни шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ беш аз 60 дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, ки барномаҳои шабакаи "Сафина"-ро мебинанд. Телевизиони "Тоҷикистон" беш аз 50 дарсад ва "Баҳористон" беш аз 30 дарсад бинанда доштааст. Ҳамчунин беш аз 18 дарсад гуфтаанд, ки бинандаи телевизионҳои Русия ҳастанд.

Дар миёни шабакаҳои радиоӣ "Садои Душанбе" 28 дарсад, радиои саросарӣ беш аз 17 дарсад ва "Фарҳанг" беш аз 5 дарсад шунаванда доштааст. 34 дарсад низ гуфтаанд, ки ахборро аз интернет дарёфт мекунанд. Дар ин миён беш аз 60 дарсади сокинони вилояти Бадахшон ва беш аз 56 дарсади сокинони шаҳри Душанбе аз интернет истифода мекунанд.