Апрел 10, 2018 14:17 Asia/Dushanbe
  • Тамоили низомиёни рус барои хидмат дар Тоҷикистон

Бисёре аз сарбозону афсарони раддаи поини рус тамоил доранд, даврони хидмати худро дар қаламрави Тоҷикистон бигузаронанд.

Ба гузориши сомонаи расмии Вазорати дифои Русия, сокинони манотиқи сарди Сибир ва назди Волга дар марказ ва шарқи Русия барои эъзом ба пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, рағбати бештаре доранд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Воҳидҳои низомии ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон мустақаранд. Бар асоси созишномаи имзошуда миёни Душанбе ва Маскав дар октябри соли 2012, пойгоҳи низомии 201-и Русия то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.